ЛЕВАКАНТ: ПИЛЛАПАРВАРОН ҚАДРШИНОСӢ ШУДАНД
Имрӯз 13-уми ноябр, зимни маросими туҳфасупорӣ ба пиллапарварон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, иҷрокунандаи вазифаи директори ҶСК «Пиллаи Тоҷик» Назаров Н. иброз дошт, ки пилппарварони шаҳри Левакант ҳамеша аз иҷрои нақшаи пилласупорӣ баромада, дар рушди кирмакпарварӣ саҳми назаррас мегузоранд. Ӯ ҳамзамон миннатдории худро ба раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ ва тамоми пиллапарварон барои иҷрои саривақтии нақшаи дурнамои пилла расонид.
Инчунин ба раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ барои дастгирии соҳаи пиллапарварӣ, фароҳам овардани шароит барои барқарорсозӣ ва рушди соҳаи кирмакпарварӣ, инчунин ба нақша гирифтани ҳадафҳои судманд ва истеҳсоли пиллаи соли 2024 дар шаҳри Левакант, Сипосномаи ҶСК «Пиллаи Тоҷик» ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар ҳамин фазо тамоми пиллапарварони шаҳр барои иҷрои нақшаи дурнамои пилла дар соли 2024 бо туҳфаҳо қадршиносӣ шуданд.