ЛЕВАКАНТ: БО ПРЕЗИДЕНТИ ХУД ИФТИХОР МЕКУНЕМ
Таҳти чунин шиор хонанадагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии идонаеро баргузор намуданд.
Дар чорабинӣ раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, аъзоёни фаъоли Ташкилот Мастов Абдулҳаким, Исмонқулов Абдуҷалол, Саидов Файзулло, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Маҳмад Хидирзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Шодихон Сафарзода, раиси Ташкилоти «Сипарони Ватан» ароталиев Сафар ва дигарон иштирок намуданд.
Хонандагону омӯзгорон бахшида ба Рӯзи Президент маъруза ва шеърҳо қироат намуда, барномаи рангини фарҳангиро бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва шиору овезаҳо пешкаши иштирокдорон намуданд.
Собиқадорон дар навбати худ иброз доштанд, ки маҳз шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар партави сиёсати ин абармарди таърих кору фаъолияти пурсамар намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои судманди миллӣ аз тамоми имконот истифода барем.
Ҳамзамон меҳмонон барои дар чунин сатҳ ташкил намудани чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Президент ба хонандагону омӯзгорон изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки чунин чорабиниҳо баҳри бедор намудани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон нақши бузург мебозад.