ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ
12-уми ноябр, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Левакант, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, аъзоёни Ташкилоти собиқадорон Саидов Файзулло, Мастов Абдулҳаким, Исмонқулов Абдуҷалол, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Хидирзода Маҳмад, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш-Шодихон Сафарзода ва дигар фаъолон бахшида ба Рӯзи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, бо сокинони деҳаи Оқгазаи ҷамоати деҳоти «Гулистон» вохӯрӣ гузарониданд.
Дар ин вохӯрии таблиғотӣ, намояндагон доир ба моҳияти Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу субот дар Тоҷикистон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ибрози назар намуданд.
Дар вохӯрӣ иброз шуд, ки ҳамасола дар ҷумҳурии азизамон ҳамоишҳову ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи бузургони гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик дар тули асрҳо мебошад.
Агарчанде, ки ҳамаи ин чорабиниҳо барои шинохт ва асолати миллат ҷойгоҳи махсуси худро доранд, “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин миён ба худ мақоми махсусро касб кардааст.
Муайян гардидани рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” асосҳои ба худ хосро доро мебошад зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд.
Бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обруву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” таҷассум ёфтааст.
Инчунин меҳмонон доир ба пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, пешгири аз амалҳои номатлуб, терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, дар замири ҷавонону наврасон бедор кардани ҳисси ватандӯстию худшиносӣ ва дигар масъалаҳои доғи ҷомеа ба иштирокдорон таъкидҳои махсус намуданд.