ЛЕВАКАНТ: АКСИЯИ ТАБЛИҒОТИИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

.

Масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва Ташаккули тарзи ҳаёти солим, ба хотири таблиғу ташкиқи ҳунарҳои мардумӣ ва либоси миллӣ ва тарзи дурусти нигоҳубини кӯдак дар яке аз хонаҳои сокинони деҳаи Сарбанд 1-и ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» аксияи таблиғотӣ гузарониданд.

 

Дар ин аксия занону бонувони рӯзгордидаи деҳа бо пушидани либосҳои миллӣ ҳунарҳои мардумиро тариқи саҳнаҳои тарбиявию омӯзанда таблиғ карданд. Ба ҷавондухтарон расму русуми тоҷиконаро омӯзонида барои ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ва либоси миллӣ тавсияҳо доданд.

Ҳамзамон дар идомаи ҳамин Аксияи таблиғотӣ аз тарафи масъулин ба сокинони деҳа корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии бебориҳои сироятӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, пешгири аз бегонапарастӣ, таълиму тарбияи дурусти фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ гузаронида шуд.

Боиси зикр аст, ки чунин корҳои таблиғотӣ ва оммафаҳмонӣ аз ҷониби масъулини соҳаҳо дар тамоми қаламрави шаҳри Левакант пайваста гузаронида мешавад.