ЛЕВАКАНТ: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК
11-уми ноябр, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар толори фарҳангии Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавии идона ва намоиши фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳр, муовин ва роҳбари дастгоҳи раис, мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, роҳбарону намояндагони ташкилоту корхонаҳо, кормандони милитсия, собиқадорони соҳаи милитсия ва фаъолон иштирок намуданд.
Чорабиниро бо сухани табрикии худ раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик оғоз бахшид.
Ӯ тамоми кормандони милитсия ва собиқадорони соҳаро табрик карда дар баромади худ қайд намуд, мақомоти корҳои дохилӣ, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷомеа, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун ва коллективҳои меҳнатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ба ӯҳдаи онҳо вогузор шудааст, дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон яке аз мақомҳои аввалро доро мебошанд. Ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон вазнин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштаанд.
Дар ҳамин фазои тантанавӣ сардори ШВКД дар шаҳри Левакант-Абдулмаҷидзода Рустам кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорони соҳаро ба ин рӯзи пурифтихори Милитсияи тоҷик табрик намуд. Ҳамзамон ӯ гуфт, ки кормандони милитсия имрӯз низ дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, таҳкими субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи моликияти давлат ва шаҳрвандон қарор дошта, вазифаҳои мураккаб ва мушкили худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона иҷро мекунанд. Маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохилии кишвар мубаддал гардидааст.
Дар ҳамин фазои тантанавӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ба масъулин ва фаъолони ҳифзи ҳуқуқ тақдими Сипосномаву Ифтихорнома ва туҳфагузориҳо сурат гирифт. Ҳамзамон Комиссари ҳарбии шаҳр сардори ШВКД Абдулмаҷидзода Рустам Абдулмаҷидро ба муносибати Рӯзи милитсия бо Ифтихорнома ва медали сарисинагӣ қадршиносӣ намуд.
Аз тарафи Мақомоти иҷроия бошад ба оилаҳои хизматчиёни милитсия, ки зимни адои вазифа ҷони худро аз даст доданд кумакҳо карда шуда, ба кормандони милитсия ва собиқадорон дастархони идона ороста шуд.
Боиси зикр аст, ки дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи баланд бардоштани инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ, сатҳи касбият ва маърифати хуқуқии кормандони милитсия, ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд.
Дар ҷамъомад изҳори боварӣ гардид, ки ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Левакант, минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа нерӯи маънавию ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона, бо дасту дили пок содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.
Барномаи фарҳангии иборат аз дастагули мусиқии бахши фарҳанги шаҳр ва иштироки ҳаҷвнигорони шинохтаи тоҷик Бахтиёр Раҳимов ва Ташриф Халилов ба чорабинии идонаи Рӯзи милитсия таровати дигар бахшида хотири иштирокдорони чорабиниро болида гардонид.