ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГИИ УМУМИШАҲРӢ

.

Имрӯз 9-уми ноябр, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, мудирону кормандони шубаю бахшҳои Мақомоти иҷроия ва кормандони дигар ташкилоту корхонаҳо ба шанбегии умумишаҳрӣ баромаданд.

Тамоми иштирокчиёни шанбегии имрӯза дар корҳои тозагию ободонӣ саҳм гузоштанд. Онҳо дар ин рӯз кӯчаҳои шаҳр ва дигар гирду атрофро аз хасу хошок ва хазонреза тоза намуданд.

 

Ҳамин гуна шанбегию тозакориҳо дар назди бинои тамоми ташкилоту корхонаҳо анҷом дода шуд.