ДАСТОВАРДИ МУҲИМТАРИНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

.

Конститутсияи кишвари мо, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия аст, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон ёфт, сулҳу амният, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким ёфт, рушди устувори иқтисодии кишварамон таъмин шуда истодааст ва барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии арзанда, инкишофи озодона муҳайё мегардад. Маҳз муҳимияти ин масъаларо ба назар гирифта, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

 

Конститутсияи замони соҳибистиқлолии кишвар, ки санаи 6-уми ноябри соли 1994 қабул гашт, ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуда, самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард.

Мо ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷомеаи аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бомаърифат дар ҳоле муваффақ буда метавонем, ки робита ва ё ҳамкориҳоро дар ин самт бо оила, мактабу маориф ва аҳли ҷомеа зич ба роҳ монем.

Боиси зикр аст, ки дар меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо истода, нисбати коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ (экстремизм, терроризм, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти хатарзо), ҳифзи фазои иттилоотии кишвар аз хатарҳои иттилоотии ҷаҳони муосир тадбирҳои муассир андешида мешавад.

Боиси қайд аст, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Тавре ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо менамояд».

Татбиқи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи басо муҳим маҳсуб ёфта, ҳар яки мо муваззаф ҳастем, ки аз ҳуқуқҳои хеш ва талаботу меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва Конститутсияи кишвар бархурдор бошем, зеро дар шароити хатарҳои замони муосир, ки боси ташвиши сокинони аҳли сайёра гардидааст, мо бояд аз гузашта дида дар ин ҷода эҳтиёткор ва фаъол бошем.

Ҳар нафар бояд зарурати риояи бечунучарои қонунро дуруст дарк созад ва итоат ба қонун бояд одати маъмулии ҳар шаҳрванд гардад. Мутафаккири бузург Ситсерон гуфтааст: “Агар хоҳӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош!”.

Ҳар яки мо бояд дар заминаи ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон шудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ», баҳри болоравии маърифати ҳуқуқии хеш пайваста сайъу талош намоем.

Ҷаҳонгири Бобоҷон-директори МДМВ-и шаҳри Левакант