ЛЕВАКАНТ: ХИЗМАТРАСОНИИ РОҲУ НАҚЛИЁТ БЕҲТАР МЕШАВАД
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни ифтитоҳи роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғара, бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатсайри Левакант-Бохтар 6-автобуси наву замонавӣ барои хизматрасони ба мусофирон аз ҷониби Муассисаи давлатии Бохтар-нақлиёт хизматрасон ба фаъолият шуруъ намуд.
Масъулини Муассисаи давлатии Бохтар-нақлиёт хизматрасон иброз доштанд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани хизматрасони ба мусофирон чунин тадбир руи кор омадааст. Роҳкиро барои як мусофир аз як самт 3-сомонӣ муқарар гардидааст, ки ин барои тамоми мусофирон сабуки меорад.
Донишҷӯён бошанд аз ин иқдом хеле шод гаштанд, чун ки қаблан роҳкирои як нафар аз як самт дар мошини сабукрав ва дигар намуди нақлиёт то 10 сомонӣ буд, ки албатта ин хеле гарон ба назар мерасид. Имрӯз бошад онҳо бо 3-сомонӣ метавонад ба шаҳри Бохтар ё аз онҷо ба шаҳри Левакант рафтуомад кунанд.
Дар доираи ҳамин ташаббусҳо ба якчанд шахсони имконияти маҳдудидошта аробачаҳои маъюбӣ тақдим гардид.
Боиси зикр аст, ки тамоми ин беҳбудию дастовардҳо самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сулҳу суботи комили мамлакат мебошад.