МУАРРИФГАРИ ДАВРОНИ ҶАВОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

.

Дар давоми сию се соли соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизамон баҳри бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошта шуд.

Дар ин муддат кишвари мо соҳиби Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва Конститутсия гардид. Ҷумҳурии мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо аксари давлатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ тиҷоратӣ ва сиёсии хешро барқарор намуд. Замоне Роҳбари давлати мо низ ҷавон буду дар дили худ нисбати ояндасозии хешу кишвараш мақсаду андешаҳои некро мепарварид. Пешвои муаззами миллат баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Данғара бо ҳамроҳи ҳамсинфаш Бобохон Аббосов ҳуҷҷатҳои худро ба Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №40-и шаҳри Каленинобод (ҳозира Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорииТоҷикистон) месупоранд.

 

Эмомалӣ Раҳмон солҳои хониши 1969-1971 дар ин муассисаи таълимӣ аз рӯи ихтисоси челонгари барқии асбобҳои андозагирӣ – санҷишӣ ва автоматика таҳсил намуда, соҳиби дараҷаи чоруми тахассусии коргарии ин ихтисос мегардад. Ҳамкурсаш Давлат Баротов ҳангоми суҳбат ёдовар шуд, ки ӯ аз дигар ҳамкурсонаш бо кордонӣ, масъулиятшиносӣ, хушахлоқию нексириштӣ фарқ мекард.

Эмомалии ҷавон ҳамеша ёрдамчии раиси кумитаи комсомолии муассиса Абдулҳаким Мастов буданд.

Бо маслиҳати ин ҷавони масъулиятшинос баъди анҷоми машғулиятҳои таълимӣ озмуну чорабиниҳои дигари варзишӣ гузаронида шуда, бо ин васила омӯзишгоҳ дар байни дигар омӯзишгоҳҳои вилоят сазовори ҷойи аввал мешуд. Директори муассиса Аззат Касимович Абдураҳмонов аз таҳсилу фаъолияти ҳаррӯзаи ӯ дар ҷамъомадҳо ёдовар мешуд ва доимо таъкид менамуд, ки дигар донишҷӯён ҳам ҳамингуна таҳсил намоянд, супоришҳои ҳаррӯзаи устодони худро иҷро ва дар оянда беҳтарин созандаи ҷомеа гарданд.

Имрӯз дар бинои якуми Литсей дар масоҳати 544 метри кв. Осорхонаи таърихӣ таъсис дода шудааст, ки аз хизматҳои таърихии Пешвои миллат дар хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, аз нав барқарор намудани сохтори фалаҷгаштаи ҳокимият, баланд гардидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамчунин давраи таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муассиса бозгӯ аст.

Рӯзи 27-уми октябри соли 2021, баъди 50-соли таҳсилашон бо иштироки Пешвои миллат ин Осорхонаи таърихӣ ифтитоҳ гардид. Дар дафтари бақайдгирии толори пазироии Осорхонаи таърихӣ Пешвои муаззами миллат ҳидояти худро барои ворисони ояндасоз чунин баён кардаанд:

“Осорхонаи муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант дар миёни муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ягона осорхонаест, ки барои насли ҷавон, махсус барои хонандагони ин даргоҳ дар омӯхтани касбу ҳунар сабақи таърихӣ медиҳад.

Имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон насли ҷавони мо барои омӯзиши касбу ҳунар аз ҳама имкониятҳои муосир бархӯрдоранд. Бигзор ин осорхона дар таҳсилоти минбаъдаи маънавии ҷавонони мо раҳнамо бошад”. Ин ҳидояти Пешвои миллат ҳар як хонандаи литсей, ҳар як бинандаи ҷавони ин осорхонаро водор ва вазифадор менамояд, ки худро вориси ҳақиқии миллат ҳисобад, касбу ҳунарро сидқан аз худ намуда, ояндасози воқеии Ватани азизи хеш гардад.

Калонсол, ки рӯзҳои талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро шоҳиданд, аз дидани толорҳои осорхона, синфхонаи солҳои 1969-1971 ва ҳуҷатҳои таърихӣ шукри имрӯз, ғамхории яздони покро менамоянд, то ба миллати парокандаи сарсону саргардон чунин як ҷавонмарди асилу доно, содиқу қавиирода, сулҳҷӯю сулҳпарвар ва ғамхори беназирро туҳфа намудааст.

Баъд аз солиёни дуру дароз,

Худо тоҷиконро навозид боз.

Ҷавоне, ҷавонмард омад ба тахт,

Чу Сомони сонӣ дар ин рӯзи сахт.

Бобои Ризо аз дидани мизу курсие, ки Пешвои миллат ду соли таҳсил нишаста касб аз худ намудааст, нишаста чунин ибрози андеша намуд. Ин инсон туҳфаи Илоҳӣ баъди даҳ қарн барои миллати ватанпарвару хештаншиноси мо мебошад. Дар Осорхонаи таърихии Литсей, махсусан ду толор барои ҳамаи ҷавонон ва шахсони дигари воридшаванда диққатангез ва муаррифгари давраи таҳсили замони Шӯравӣ мебошад.

Дар синфхонаи таърихии солҳои 1969-1971 бо назардошти таърихи гузашта мизу курсӣ ва воситаҳои дигари аёнӣ маҳфузанд. Расми калони доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Илич Ленин, расмҳои калони олимону муҳандисони соҳаи барқ Ампер, Волта, Ом, Фарадей ва Попов ва расму нақшаҳои тартиби пайвасти занҷирҳои барқӣ насб карда шудаанд. Бо дастгирии корхонаи сарпараст ҶСК “Азот” 16 адад асбобҳои гуногуни термодинамикӣ, барқченкунанда, дастгоҳи назорати ҷоришавии маводи кории моеъ ва газмонанд гузошта шудааст.

Соли 1971 гурӯҳи №10-ро 28 нафар хатм намуда, соҳиби намунаи давлатии ҳуҷҷати хатми соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, дараҷаи муайяни коргарӣ мешаванд. Ба ин хотир дар ин синфхона 28 - адад курсӣ бо навиштаҷоти ному насаби хатмкардагон, 14 - адад миз, 1 - мизи кории омӯзгор, 1 - курсии нишаст барои ӯ, 1 - адад тахтаи фанерии давраи Шӯравӣ, 1 - баннеровезаи навиштаҷоти аломатҳои шартии касби челонгари асбобҳои андозагирӣ-санҷишӣ ва автоматика ва нишондиҳандаҳои хоси термодинамикӣ гузошта шудаанд.

Пешвои миллат 20-уми июни соли 2024 зимни сафари корӣ ба шаҳри Левакант ба ин даргоҳ ташриф оварда, аз ҷумла ёдовар шуданд, ки гурӯҳи №10 дар ҳамин синфхона мехонд ва ман дар партаи дуюм менишастам.

Толори дигари Осорхонаи таърихии Литсей “Толори ҳуҷҷатҳои таърихии солҳои 1969-1971” мебошад. Дар толори мазкур тамоми ҳуҷҷатҳои давраи таҳсили Пешвои миллат дар ин муассиса нигоҳ дошта мешаванд.

Китоби аввалини фармоишҳои директори муассиса, китоби бақайдгирии фармоишҳои қабул ва хатми хонандагони омӯзишгоҳ, аксҳои 12 - нафар роҳбарони муассиса дар давоми солҳои сипаригашта аз соли 1964 то соли 2022, расмҳои ҳамкурсони Пешвои миллат бо ҳамроҳи устоди таълими истеҳсолиашон Ҳайталӣ Маҳмадалиев, рӯйхати қабули хонандагони гурӯҳи №10 иборат аз 33 нафар, рӯйхати хатми онҳо дар соли 1971, намунаи давлатии ҳуҷҷати хатми Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкурсаш Сайфиддин Рустамов, ҳуҷҷатҳои расмии дафтардории омӯзишгоҳ, намуна аз ҳуҷҷати кори курсии соли 1971, реферати донишҷӯ, нақшаи тарҳи раванди истеҳсолоти маводи кимиёвӣ, 195 - адад китобҳои дарсӣ ва адабиёти техникӣ оид ба ихтисоси челонгари барқии асбобҳои андозагирӣ-санҷишӣ ва автоматика, расмҳои Пешвои миллат дар солҳои 1969 ва 1971, расмҳо аз рӯзҳои ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Литсей дар санаи 14-уми майи соли 1998 ва 20-уми июли соли 2004, расмҳо дар ҳалқаи коргарони корхонаи равғанкашии шаҳри Бохтар, ки ҷойи аввалини омӯзиши таҷрибаи истеҳсолии ӯ буданд, ба марази тамошо гузошта шудаанд.

Ҳар як тамошобин аз ин толорҳо бо таассуроти амиқ меравад, зеро ин Осорхонаи таърихӣ муаррифгари даврони гузаштаи халқи Тоҷикистони азизамон, муаррифгари даврони ҷавонии шахси барои ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён азиз – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Лутфулло Миров, мудири осорхонаи таърихии Литсейи

касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант