ЛЕВАКАНТ: ДАР МУСОБИҚАИ КУШОДИ САМБО 15 МЕДАЛ НАСИБИ ВАРЗИШГАРОН ГАРДИД
Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҷавонони шаҳрҳои Левакант, Бохтар, Норак ва ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷоми, Кушониён, Дустӣ мусобиқаи кушоди Самбо баргузор шуд. Дар ин мусобиқа ҷавонони шаҳри Левакант, бо бартарияти бештар 15 медал, 4-тилло, 5-нуқра ва 6-медали биринҷиро ба даст оварданд.
Дар ин бора директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр-Ҷаҳонгири Бобоҷон хабар дода гуфт, ки дар натиҷаи тамринҳои пайстаи шогирдон мо ба чунин дастовардҳо ноил мегардем. Ва шогирдони мо дар риштаи Самбо маҳорати хеле хуб дошта, дар сатҳи байналмилалӣ натиҷаҳои назаррасро соҳибанд.