КОНСТИТУТСИЯ-ШАҲОДАТНОМАИ МИЛЛАТ

.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии кишвар аст ва нақши он дар бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон беназир мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки сокинони шарафманди кишварамон ҳамасола ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳи хоссаву сарбаландӣ, ифтихор аз ватандорию соҳибдавлатӣ таҷлил менамоянд. Имсол сокинони бошарафи кишварамон бо ифтихори бузург 30-солагии қабули ин санади олии ҳуқуқӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунанд. Маҳз натиҷаи қабул ва татбиқи ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз аст, ки давраҳои сангини таърихӣ (ҳодисаҳои солҳои 90-ум) бартараф шуда, тамоми соҳаҳо марҳила ба марҳила ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, ба сӯи ояндаи дурахшон устуворона пеш рафта истодаанд. Натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пуштибонии мардуми Тоҷикистон буд, ки дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ сохти конститутсионӣ барқарор гашта, дар кишвар сулҳу амният таъмин шуд ва зиндагии мардум, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар маҷрои хосса гирифт. Яъне, фазои орому осоиштаи кишвар, ки бо татбиқи ин санади олии ҳуқуқӣ таъмин шуд, барои рушди бонизому устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити муносиб фароҳам овард.

 

Боиси зикр аст, ки Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳои пасошӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, Конститутсияи худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Конститутсия аввалин маротиба Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёд эътироф намуд. Мусалам аст, ки яке аз нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд ин кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини амалишавии онҳо мебошад.

Аз ҷониби халқ дар замони душвори сиёсӣ якдилона қабул гардидани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз далели аз ҷониби мардуми кишвар пуштибонӣ ёфтани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат буд.

Бояд ҳамагон фаромӯш насозем, ки омили асосии ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои навадуми асри гузашта дар кишварамон дағалона поймол шудани талаботи Конститутсия ва қонунҳо буд. Дониста бошем, ки Конститутсия шаҳсутуни давлат буда, заминаи асосии ҷомеаи пешрафта, давлати тараққикарда ва зиндагии босаодати сокинони он мебошад. Аз ин хотир бояд ҳамагон нисбати Конститутсия – ин санади олии ҳуқуқӣ эҳтироми хосса дошта бошем, зеро фаъолияти давлату зиндагии ҷомеа аз ин муносибат вобастагии амиқ дорад, аз ҷумла дар замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ ва вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир. Чуноне Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани Конститутсия – ин санади сарнавиштсоз вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, аз хурд то бузург мебошад”.

Ҳар яки мо вазифадорем, ки дастовардҳои бузурги милливу давлатиро ҳифз намоем, таҳким бахшем ва ояндаи Ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона бунёд созем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия эҳтиром гузорем ва дар доираи он барои ноил гардидан ба мақсадҳои созанда ҷаҳд намоем.

Бо иродаи якдилонаи мардум ба воситаи раъйпурсии умумихалқӣ давра ба давра ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид шуданд, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид, асосҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҳамчун самтҳои калидии рушди давлат такмил ёфта, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ боз ҳам устувор гардид. Дар Конститутсия пеш аз ҳама ба асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ҳокимияти давлатӣ (қонунгузор, иҷроия, судӣ), мақомот ва рукнҳои идоракунандаи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқи моликият ва кафолати рушди он ва дигар ҷанбаҳои умдатарини давлат ва ҷомеа аҳамият дода шудааст.