ЛЕВАКАНТ: ТАНТАНАИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ШАҲР
Имрӯз 5-уми ноябр, дар толори Қасри Фарҳанги шаҳри Левакант, бахшида ба 30-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ тамоми иштирокдорон ва сокинони шаҳру мамлакатро бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Ӯ зимни суханронии худ қайд кард, ки яке аз рӯйдодҳои муҳим барои давлатдории миллии мо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он роҳи ояндаи давлати моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд.
Инчунин дар ҳамин фазои тантанавӣ раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ барои саривақту босифат иҷро гаштани нақшаи даъвати ҷавонон барои хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳӣ бо Ифтихорномаи Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзосарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, ва фаъолоне, ки дар сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд бо «Сипоснома»-ҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ пракурори шаҳри Левакант-Зоирзода Комилҷон ба сухан баромада тамоми иштирокдоронро ба ин саннаи фархунда табрик намуд. Ӯ зимни баромади худ қайд кард, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии мамлакат зарурияти қабули Конститутсияи навро ба миён овард. Дар қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз қабули Конститутсияи нав пешбинӣ гардид. Ин санади таърихӣ барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Сардори ШВКД дар шаҳри Левакант-Абдулмаҷидзода Рустам Абдулмаҷид дар баромади худ зимни сухани табрикияш зикр намуд, ки маҳз Конститутсия роҳи интихоби халқи Тоҷикистонро дар ҷодаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муайян ва мушаххас намуд, онро ба чаҳорчӯбаи қонун даровард ва Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ, ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр, барномаи рангини омодакардаи идонаи худро бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суруду таронаҳои ватандӯстона пешкаши тамошобинон гардониданд.