ЛЕВАКАНТ: ЗЕБО БАРОТОВА ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУН ИШТИРОК КАРД
Бонуи ҳунарманд, рӯзгордидаю соҳибтаҷриба, беҳтарин зани Левакант, беҳтарин ҳамсар барои шавҳар, беҳтарин модар барои фарзандон, беҳтарин хушдоман ва беҳтарин муаллима барои шогирдон имрӯз дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» иштирок намуд.
Бояд гуфт, ки ӯ дар даврҳои шаҳрӣ ва вилоятии Озмун ҷойи намоёнро гирифта имрӯз бо сари баланд дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуд.
Умедворем, ки дар ин давр ҳам сазовори ҷойи аввал ва номи хушдомани беҳтарин мегардад.