ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГӢ ВА ОБОДОНӢ

.

Имрӯз шанбе 2-юми октябр, ба пешвози ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, шанбегии умумишаҳрӣ эълон шуд.

Дар ин шанбегӣ кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ дар шоҳроҳи Левакант-Бохтар ва назди бинои ташкилоту корхонаҳои худ корҳои васлу насби шиору овезаҳо ва корҳои ободонию тозагӣ гузарониданд.

 

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи шанбегиҳои пайваста ва корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инмрӯзҳо дар шаҳри Левакант корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, симои шаҳр хеле зебо гаштааст. Итминон дорем, ки бо талошҳои пайвастаи масъулин ва сокинон Левакант дар кутоҳтарин фурсат аз ҳар лиҳоз рушд мекунад.