ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШКАДА

.

01 ноябри соли ҷорӣ дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прократура, суд, ШВКД дар шаҳри Левакант, шуъбаи КДАМ дар шаҳри Левакант ҷиҳати таҷлили сазовори 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон , дар Донишкадаи байналмилалии Левакант чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.

 

Ректори Донишкада дотсент Баротзода Шарифхон Маҳмадхон зимни баромадии хеш ҳозиринро ба ин ҷашни пурифтихор табрику таҳният гуфта, фаъолияти пурсамарро барояшон таманно кард.

Сипас прокурори шаҳри Левакант, мушовири адлияи дараҷаи-1 Зоирзода Комилҷон дар мавзӯи Моҳият ва зарурияти қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Сардори ШВКД дар шаҳри Левакант Абдулмаҷидзода Р.А. Дар мавзӯи Нақши Конститутсияи дар ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон,

Декани факултети Сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалии донишкада н.и.с Ашурзода Ҷамшед Хуршеда дар мавзӯи Конститутсияи кафолати ҳифзи ҳуқуқи инсон ва дигарон маърӯза намуданд.

Дар охир бахши фарҳанги Донишкада бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида гардонид.

ш. Левакант, ДБЛ ДБССТ, 01.11.2024