ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО НАМОЗГУЗОРОНИ ДЕҲАИ НУРАФШОН

.

23-уми январ, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, гурӯҳи корӣ дар ҳайати мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Маҳмад Хидирзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Шодихон Сафарзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Нури Сарбанд» Ашуров Орзу бо намозгузорони масҷиди панҷвақтаи деҳаи Нурафшони ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» вохӯрӣ намуданд.

 

Дар ин вохӯрӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ироа гардид гурӯҳи корӣ ботафсил баромад намуда, шарҳу тавзеҳ карданд.

Сипас вобаста ба вазъи ҷаҳони имрӯз ва хатару таҳдидҳои он ба Тоҷикистон, пешгири аз омилҳои номатлуби тероризму экстремизм, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, риояи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгири аз зиёдаравӣ, пешгирии наврасон аз рафтан ба масҷид, бедор кардани ҳисси ватандӯстию худшиносии наврасону ҷавонон ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани онҳо, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмондадиҳи карда шуд. Ҳамзамон аз ҳар як намозгузор даъват ба амал оварда шуд, ки дар тарбияи маънавии ҷавонону наврасон ҳиссагузорӣ намоянд. Онҳоро ба омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, варзиш, китобхонию китобдӯстӣ ҷалб карда, ба ин васила баҳри пешгирӣ аз ҳама амалҳои номатлуб мусоидат намоянд.