ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГИИ УМУМИШАҲРӢ

.

Имрӯз 15-уми феврал, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ ташкил карда шуд.

Дар ин шанбегӣ муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, мудирону кормандони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия, масъулини ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”, кормандони корхонаҳои саноатӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар тозагӣ ва ободонии Боғи фарҳангӣ гузоштанд.

 

Боиси зикр аст, ки бахшида ба ҷашнҳои бузурги миллӣ, Рӯзи Артиш, Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, ҳамарӯза корҳои ободонию созандагӣ гузаронида мешаваду сокинон азм доранд, ки бо чунин иқдомоти худ ҷашнҳои дарпешистодаро бо сари баланд ҷашн гиранд.