ЛЕВАКАНТ: ТАНТАНАИ ҶАШНИ НАВРӮЗ АЗ ҶОНИБИ МАОРИФЧИЁН

.

Имрӯз 21-уми март, чорабинии идонаи Наврӯзӣ, ки аз ҷониби бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва муассисаҳои таълимӣ мураттаб гардида буд, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳр, баргузор шуд.

Дар чорабинӣ мудири бахши маорифи шаҳр-Раҳимов Файзулло, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон-Ҳотамов Фарух, роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр ва дигар меҳмонону омӯзгорон иштирок намуданд.

 

Саҳни базмгоҳи Наврӯзиро суфраҳои идонаи ҳафтсину ҳафтшин, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастоварди хонандагону омӯзгорон ва дигар оинҳои миллии Наврӯзӣ хеле хуб оро медод.

Масъулин аз намоиши суфраҳои идона ва дигар дастовардҳо дидан намуда, барои дар чунин сатҳ баргузор гардидани чорабинӣ ба тамоми саҳмдорон изҳори сипос карданд.

Мудири бахши маориф-Раҳимов Файзулло, тамоми иштирокдорону меҳмононро бахшида ба ҷашни пуршукуҳи Наврӯзӣ табрик намуда, барояшон тансиҳатӣ ва рӯзгори осударо орзу намуд.

Ӯ зимни баромади худ иброз дошт, Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату бахшояндагӣ ва некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои Наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд.

Сипас аз ҷониби ҳунармандони шаҳр ва омӯзгорону хонандагон барномаи рангини фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.