ЛЕВАКАНТ: АЁДАТ ВА ТУҲФАГУЗОРИҲО АЗ ТАРАФИ ШАҲРДОРӢ
Бахшида ба Рӯзи Модар раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр-Шарифӣ Бобосафар, масъулини шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Левакант ва дигар масъулин ба аёдати модарони солманд рафта онҳоро ба ин рӯзи фархунда аёдат ва табрик намуданд.
Яке аз модарони солманди шаҳр, сокини деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти «Гулистон» Сангова Хонумгул, дар рӯзи 8-уми март ба синни 99-солагӣ қадам мегузораду аёдати шаҳрдори Левакантро туҳфаи хеле хубу арзишманд ҳисобид. Ӯ дар давоми зиндагии пурбаракати худ фарзандон, наберагону аберагони хеле зиёдеро ба воя расонидаву тарбият кардааст ва инмрӯз дар ҳалқаи онҳо даврони пири меронад.
Муминзода Мастура Табарӣ раиси шаҳри Левакант холаи Хонумгулро ба Рӯзи Модар самимона табрик намуда, ӯро боз ҳам бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Ва бо ӯ як суҳбати хеле хубу самими ҳам анҷом дод.
Инчунин раиси шаҳр ва дигар масъулин боз чанд модари солманд ва ҷавондухтароне, ки дорои маъюбият буданд, аёдат намуда онҳоро низ ба Рӯзи Модар табрик карданд. Ҳамзамон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва шахсони хайрхоҳу саховатпеша, ба онҳо туҳфаҳои идона ва кумакҳои модию молӣ расонида шуд.




