ЛЕВАКАНТ: АЁДАТУ КУМАК ДАР АРАФАИ РӮЗИ МОДАР
Дар арафаи Рӯзи Модар ва моҳи шарифи Рамазон бо ташаббуси масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, ду шахси маъюбиятдоштаи шаҳр яке аз ҷамоати деҳоти «Вадат»-и деҳаи Зағертут, дигаре аз ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» аз тарафи вакилони шаҳрии тозаинтихоб аёдат ва кумаки якдаъфаинаи ғизоӣ карда шуданд.
Зимни аёдат раиси КИ ҲХДТ аз ҳолу аҳвол ва вазъи зиндагии онҳо пурсон гашта, ба хонаводаашон гуфт, ки ҳар эҳтиёҷоте дошта бошанд муроҷиат намоянд, мо дар пайрави ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарчи ки аз дастамон ояд дастгири мекунем. Инчунин ӯ иброз дошт, ки минбаъд ин иқдом, яъне дасти кумак дароз намудан ба шахсони имконияти ҷисмонии маҳдудидошта, шахсони яккаву танҳо, ятимон ва оилаҳои эҳтиёҷманд аз тарфи вакилони шаҳри идома меёбад.




