ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО ВОЛИДАЙН ВА ХОНАНДАГОН

.

Имрӯз 2-юми апрел, масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди ШВКД-и шаҳри Левакант, бо падару модари хатмкунандагон ва худи хатмкунандагони МТМУ №14-и шаҳр суҳбат-вохӯрӣ гузарониданд.

Дар ин суҳбатвохӯрӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Шодихон Сафарзода, сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Нури Сарбанд» Ашуров Орзу, директори МТМУ №14, падару модар ва омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд.

 

Масъулин дар баромадҳои худ вобаста ба пешгирии ҷавонон аз ҷиноят, омилҳои номатлуби терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, одатҳои бад, шабгардию даст задани ҷавонон ба ҷиноятҳои гуногун ибрози назар намуданд.

Гуфта шуд, ки ҷавонони мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша дар талаби илму дониш бошанд, зеро беҳтарин сармоя барои инсон илму дониш аст на симу зар.

Ҳамзамон бо падару модарон низ нисбати тартибу низом савияи дониши хонандагон, ҳамкорию ҳамоҳангии волидайн бо мактаб саволу ҷавоб ва масъалагузориҳо сурат гирифт.