Паёми табрикии раиси шаҳри Левакант, Давлатзода Зарина Дилмурод бахшида ба «Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдак».

.

Фарзандони азиз!

Чуноне огаҳӣ доред, ҳар сол рӯзи 1-уми июн дар акса­ри кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун «Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдак»  ҷашн гириф­та мешавад.

 

«Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдак» бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд.

Ин сана ба мо - калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъу­лияти саломатӣ, тарбияи маъна­вии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таъ­лиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти ба­чагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.

Аз ин рӯ, ин санаи некро ҳамчун рӯзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакон, ба ҳар як кӯдаки шаҳр ва ба тамоми кӯдакони Тоҷикистони азиз самимона та­брик мегӯям.

Чуноне Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозанд: «Воқеан ҳам, кӯдакон ояндаи осу­даву ободи ҳар як миллат, сарва­ти бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як пада­ру модар мебошанд.

Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад».

Қайд кардан ба мав­рид аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия дар бораи ҳуқуқи кӯдак таъ­сис ёфта, ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони ма­ъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бе­пул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддии кӯдакон то ба имрӯз тадбирҳои зиёде андеши­да шуданд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити му­соид ва бедор кардани завқи эстетикии кӯдакону наврасон чанд сол пеш Муассисаи давлатии теле­визиони «Баҳористон» таъсис дода шуд, инчунин нашрияҳои бачаго­наи «Анбоз», «Чашма», «Машъ­ал» ва ғайра фаъолият доранд, ки ҳамасола китобҳои бачагона ва дигар маводҳоро бо теъдоди зиёд ба чоп мерасонанд.

Имрӯз дар шаҳри Левакант шумораи кӯдакони ятими кулл 25 нафар, кӯдакони маъюб ва им­конияташон маҳдуд 225 нафарро ташкил медиҳанд, ки ҳамаи онҳо таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор доранд.

Дар 3 адад кӯдакистони дои­моамалкунанда ва як муассисаи томактабии хусусӣ шаҳр 494 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Хурсандиовар аст, ки солҳои охир наврасону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри мо дар озмунҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишии вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби мақоми баланд ва медалу ҷоизаҳо мегар­данд. Зарур аст, ки ин кӯшишу ғайрати фарзандони мо минбаъд низ дастгирӣ ва ташвиқ карда ша­вад ва ҳамсинфону ҳамсолони онҳо низ талош намоянд, ки бо онҳо ба­робар шаванд.

Яке аз ҳуқуқҳои аввалиндараҷаи кӯдакон ин ҳуқуқи якҷо бо падару модар зиндагӣ кардан ва дар оилаи солим тарбия ёфтан аст.

Вале, мутаасифона, имрӯз имкониятҳои тарбиявии оила то андозае суст шуда, шумораи кӯдаконе, ки аз муомилаи ноадо­латонаи падару модар азоб мека­шанд, зиёд шудааст.

Илова бар ин, ҳолатҳое низ ба назар мерасанд, ки ба ташаккули кӯдак таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ҷумла ҳолатҳои ба қайд на­гирифтани таваллуди кӯдак то ба ҳол ҷой дошта, баъзе падару мо­дарон танҳо ҳангоми мактабравии фарзандонашон барои гирифтани шаҳодатнома муроҷиат мекунанд.

Мутаассифона чуноне аз мушоҳидаҳо бармеояд, қисме аз ноболиғону наврасон аз беназо­ратии падару модарон истифо­да бурда, вақти худро беҳуда ба кӯчагардиву оворагардӣ сарф ме­кунанд ва дар натиҷа ба ҳар гуна ҷинояткорӣ, худкушию худсузӣ, дигар амалҳои номатлуб даст меза­нанд, ё ин ки ба ҳар гуна харакату равияҳои бегонаи ифротгаро ҷалб мешаванд.

Аз ин рӯ, танҳо саъю талоши дастаҷамъонаи сохторҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванд метавонад ба зиндагии фарзандон хушбахтӣ ва оромиву осудагӣ бахшад.

Набояд фаромӯш кард, ки ба­рои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим аст.

Вазифаи кӯдакону навра­сон ҳамчун насли хушбахти даврони Истиқлолият ва ворисони сазовори миллату давлат дар на­вбати аввал аз худ кардани илмҳои замонавӣ ва технологияҳои муо­сир, хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, эҳтироми калонсолон, хусусан падару модарон мебошад.

Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи кӯдакони шаҳри Левакант, вилоя­ти Хатлон ва Тоҷикистони азиз­ро бори дигар ба муносибати ин иди байналмилалӣ табрик гуфта, умед дорам, ки ҳар кӯдаку наврас дар оянда сазовори номи баланди фарзандо­ни фарзонаи миллати тоҷдори тоҷик мегарданд.

Ба кӯдакону наврасон саломативу хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони ази­замон сулҳу оромӣ ва осмони соф орзумандам.

Хушбахту хушком бошед.