Сухани табрикии раиси шаҳри Левакант, Давлатзода Зарина Дилмурод бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 ноябри соли 2020
Дӯстони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ
Дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам низ муҳимтарин муқаддасот, рамзи Истиқлолият, давлатдории миллӣ, нишони соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб меравад.
Дар ҳаёти ҳар як давлату миллат парчам мавқеъ ва нақши хоси худро дошта, мардумро баҳри ҳаёти осоишта, сулҳу субот ва мубориза барои зиндагии арзандаю инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ менамояд.
Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то ба замони мо расидаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус будааст.
Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше будаанд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард.
Ва аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешавад.
Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён дирафши миллию давлатии ниёгони тоҷикон буд, ки ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд.
Барои миллати мо Парчам ҳамеша ҳамчун таҷассумгар ва ҳидояткунандаи мубориза барои озодию истиқлолият буд, ки чанд ҳазор сол пеш Коваи оҳангар пешдомани худро парчам сохта, зери он мардумро муттаҳид намуд, ки Парчами Кова ба ниёгони сарбаланди мо қувваву нерӯ бахшида, бар зидди зулму ситам ва ноадолатиҳои замон бархоста, пирӯзӣ ба даст оварданд.
Парчами миллӣ, ки зодаи ақли солим ва тафаккури баланди даврони давлатсозӣ аст, имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх - озодиву истиқлол, ранги сафед - сулҳу оромӣ, ранги сабз - ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон, бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадимтарин миллати Осиёи марказӣ - тоҷикон, ки ҳарчанд бо сабабҳои гуногун чандин аср аз давлатдории худ маҳрум буданд, тавонистанд, ки истиқлолияти фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии худро нигоҳ дошта, онро аз нав эҳё намоянд.
Миллати тоҷик, миллати тамаддунофар буда, барои рушди давлатдорӣ, фарҳангу тамаддуни қавмҳои дигари минтақа низ нақши азимро бозидааст ва боз соҳиби давлат шуда, худро ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ намуд.
Дар ҳақиқат дар ҷаҳон давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёре вуҷуд надорад, ки соҳиби Парчам набошад.
Дар давлатдорӣ, баргузории чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва инчунин дар муносибатҳои байналмилалию ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар яки мо Парчам мавқеъ ва нақши хоси худро дорад.
Аз ин ҷост, ки дар тамоми кишварҳои дунё ба Парчами миллии худ арҷу эхтиром гузошта, бо он фахр мекунанд.
Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат рӯйдоди бағоят муҳим мебошад.
Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо баландии 165 метр сохта шуд, ки дар ҷаҳон баландтарин буда, тӯли матои рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноиаш ба 30 метр баробар мебошад ва ин ифтихори миллати тоҷик аст, ки баландтарин манораи Парчами давлатиамон дар китоби Гиннес ворид карда шуд.
Инчунин боиси ифтихор аст, ки дар маркази шаҳри мо низ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 41 метр қомат афрухт.
Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд.
Хушбахтона, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардида, имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгир гардидааст, ки ин мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.
Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдату ҳуввият ва дастоварди бузурги миллӣ буда, беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Бинобар ин ба ин дастоварди миллӣ ҳамеша эҳтиром гузорем, онро муқаддас донему бо арҷгузорӣ ба он ваҳдати милливу якпорчагии кишвари азизамонро таҳким бахшем, ҳифзу нигаҳдошти парчамро рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи ватандорӣ донему ба халалдор шуданаш ҳаргиз роҳ надиҳем.
Дар ҳамаи маврид шароит муҳайё намоем, ки Парчами миллӣ рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад.
Аз сабақҳо ва дастовардҳои нодири сулҳу ваҳдатамон, арҷ гузоштан ба парчаму парчамдории миллӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро бохабар созем ва онро ба унсури устувори фарҳанги ҷомеаамон табдил диҳем.
Агар мо имрӯз тавонем, ин рисолати миллиамонро иҷро намоем, фардо он бузургтарин сабақе хоҳад буд, ҷиҳати пос доштани муқаддасоти миллӣ ва рушду такомули сулҳу ваҳдат.
Бо ҳамин ниятҳои нек Рӯзи Парчами миллиро ба ҳамаи Шумо муборакбод гуфта, дар ин рӯзи таърихӣ ба ҳар яки Шумо ва ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистони хуррамиву осоиши рӯзгор, бахту саодат ва сарбаландиву сарфарозиро орзу менамоям.
Бигузор, Парчами пурҷило ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини шаҳр, вилояту ҷумҳуриамон меҳри Ватанро афзунтар созад ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд.
Саломату сарбаланд бошед!