ЛЕВАКАНТ: ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА

.

Имрӯз беш аз 300-нафар роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳри Левакант, бо роҳбарии муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло ба ҳашар баромада, дар партовгоҳи доимӣ, ки дар канори болоии шоҳроҳи Левакант-Данғара мавқеъ дорад корҳои тозагию ободонӣ анҷом доданд.

 

Дар ин ҳашари дастаҷамъона дар баробари ҳашарчиён, трактор ва техникаҳои ҳамворкунанда низ бароварда шуда, гирду атрофи партовгоҳ ва канори шоҳроҳ тозаву ҳамвор карда шуд.

Боиси зикр аст, ки ин мавзе партовгоҳи доимии шаҳрҳои Бохтару Левакант буда, сари ҳар чанд фурсат аз ҷониди ин ду шаҳр гирду атрофи он безарар ва ба тартиб дароварда мешавад.