Левакант: Шахсони имконияташон маҳдуд соҳиби аробача шуданд

.

Бо супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ба се сокини имконияти маҳдудидоштаи шаҳр, аробачаҳои маъюбӣ кумак карда шуд.

Аробачаҳоро мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шари Левакан-Саидов Фатҳиддин ва роҳбари маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳр-Негматов Ҷумахон ва дигар масъулин, 12-уми феврал, ба шахсони маъюбидошта расониданд.

 

Бояд гуфт, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони ниёзманду имконияти маҳдудидошта ҳамеша зери таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант қарор доранд.