ЛЕВАКАНТ: РОҲБАРИЯТИ ШАҲР АЗ ВАЗЪИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДИДАН НАМУД

.

Имрӯз 14-уми май, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ба вазъи корҳои саҳроӣ ва парвариши пилла дар ҷамоати деҳоти «Гулистон» шинос шуд.

Ба шаҳрдор иттило дода шуд, ки нақшаи кишти пахта пурра иҷро гардида, меҳнаткашон дар майдони 1030 га пахта кишт намудаанд, ки нашъунамои хуб дорад. Алҳол бошад дар саҳро корҳои агротехникӣ бо ҷушу хурӯш ҷараён дошта, кишвоарзон баҳри ба даст овардани ҳосили хуби тиллои сафед талош доранд. Инчунин ғалла ва дигар зироатҳои полезӣ бошад нашъунамо меёбанду дар хоҷагиҳои деҳқонии қаламрави ҷамоат ҳар ваҷаб замин самаранок истифода гардидааст.

 

Сабзавоти гармхонагӣ бошад омода шудааст деҳқонон ҳамарӯза бо маҳсулоти тару тозаи худ сабади истеъмолии сокинони шаҳр ва вилояти Хатлонро таъмин месозанд.

Ҳамзамон Муминзода Мастура Табарӣ ҷиҳати бохабар гаштан аз вазъи обтаъминкунӣ аз пойгоҳи обтаъминкунии ҷамоати деҳоти «Гулистон» хабар гирифт. Ва ба масъулин супориш дод, ки хоҷагиҳоро дар ҳар вазъе, ки набошад бо об таъмин намоянд, зеро зироатҳо дар вақти сабзишу инкишофёби ҳастанду мабодо талаф наёбанд.

Инчунин шаҳрдор аз вазъи пиллапарварӣ бохабар гашта, ҳар хоҷагие, ки ба пиллапарварӣ машғул аст аз он дидан намуд. Гуфта шуд, ки тибқи нақша кишоварзони шаҳр 110 қуттӣ кирмак қабул намуда бояд 3940 кг пилла супоранд. Аз ин ҳисоб то ба ҳолати имрӯз 25%-и нақша иҷро гардида, миқдори муайяк ба нуқтаи қабули пилла супорида шудааст.

Дар маҷмуъ меҳнаткашони шаҳр кушишу талош карда истодаанд, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда саҳми худро таъмини амнияти озуқаворӣ гузоранд. Дар баробари захираи дурусти маҳсулот, содиротиро низ ба хотири ғани гардонидани буҷаи мамлакат дар сатҳи зарури ба роҳ монанд.