ЛЕВАКАНТ: ШАҲРДОРӢ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ МАОРИФРО АЁДАТ НАМУД
23-юми август, пас аз анҷоми маҷлиси васеъ ва машварати августии кормандони соҳаи маориф, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ва дигар масъулин собиқадорони соҳаи маорифи шаҳрро аёдат намуданд.
Зимни аёдат шаҳрдорӣ ҳар як собиқадори соҳаи маорифро, ки беш аз 50 сол собиқаи омӯзгорӣ доранд, барои саҳми арзанда гузоштан дар соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравию пулӣ қадршиносӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки собиқадорон Стипанова Жанна, Ҳалима Болтаева, Давлатшоҳ Ҳасанов, Вализода Бнрдӣ Раҷаб ва дигарон собиқаи беш аз 50-солаи омӯзгорӣ дошта, тамоми умри худро сарфи таълиму тарбия намудаанд. имрӯз бошанд меҳнату заҳмати онҳо аз тарафи Мақомоти иҷроия ва ҳамкасбону шогирдон қадр карда мешаванд.
Ҳангоми ин аёдат Муминзода Мастура Табарӣ аз вазъи саломатӣ ва ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуда, бо онҳо суҳбат оростанд ва ваъда доданд, ки минбаъд низ аз вазъи саломатӣ ва зиндагияшон тез-тез бохабар мегарданд.