Кори худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз беҳсозии фаъолияти соҳаи маориф оғоз мекунам гуфта буд, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Масстура Табарӣ 8-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон. Ва имрӯз ӯ аз муассисаи давлатии таълимии томактабии №2-и шаҳр дидан намуд.

 

Муминзода Мастура Табарӣ аз вазъи ҳар як гурӯҳи таълимгирандагони муассиса ошно гашта, барои корҳоро дар сатҳи хуб мондану машғулиятҳоро бо кӯдакон баҳри инкишофи онҳо, ки талаби замон мебошад ба масъулин супоришҳои қатъи дод. Ва таъкид намуд, ки ба тозагӣ диққати ҷиддӣ дода, корҳои ободонию кабудизоркуниро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.