Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ имрӯз 7-уми феврал, ба фаъолияти фабрикаҳои парандапарварии қаламрави ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», ошно гашт. Ӯ дар ин рӯз ба ҶДММ «Мурғи Порсиё», фабрикаҳои парандапарварии «Мурғи марҷон» ва «Парандаи хушзот» рафта аз вазъи парвариш ва истеҳсоли гушту тухми паранда огоҳ шуд.
Фарух Султонов раиси ҷмоати деҳоти «Ваҳдат» иброз дошт, ки фабрикаҳои парандапарварии «Мурғи марҷон» ба истеҳсоли гушти парҳезӣ, «Парандаи хушзот» бошад ба истеҳсоли тухм равона гардидааст, ки ба соҳибкори ватанӣ Қаҳорзода Қурбоналӣ таалуқ доранд. ҶДММ «Мурғи порсиён» бошад танҳо ба истеҳсоли тухм равона шуда, дар сатҳи шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ тухми хушсифати мурғро таъмин менамояд.
Муминзода Мастура Табарӣ баҳри боз ҳам равнақ бахшидани бахши хусусӣ ва ҳарчи бештар ба роҳ мондани гушти парҳезӣ ва тухми парандаро ба соҳибкорон ва масъулин тавсия дод.
Боиси сикр аст, ки таи чанд соли наздик парандапарварӣ дар шаҳри Левакант дар ҳоли рушд мебошад.