17-уми феврал, баҳри таёрӣ ва таъмини трактору дигар мошинолоти кишоварзӣ ҷиҳати кишти пахта ва зироатҳои полезӣ дар шаҳри Левакант, чорабинии «Хатти тайёр» гузаронида шуд.

 

Дар ин чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи рнаиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршоев Зеваршо, муовини якуми раиси вилояти Хатлон-Мирзозода Музафар, намояндагони корхонаҳои «Агролизинг», техникаҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулину механизаторҳо иштирок намуданд.

Дар оғоз шаҳрдорӣ ва меҳмонон аз омодагии механизаторону кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуда, барои боз ҳам омодагии ҷиддӣ дидан ба мавсими нави кишту кори баҳорӣ ба барзгарон тавсия ва дастуру супоришҳо доданд.

Боиси зикр аст, ки хоҷагидорони шаҳри Левакант чун ҳамасола ба «Хатти тайёр» ва кишти зироатҳо омдагии ҷиддӣ дида, тамоми техникаҳои худро ба марази намоиш ва ҳолати омодабош гузоштанд.

Баъди намоиши трактору мошинолоти кишоварзӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ иброз дошт, ки заҳмати меҳнаткашону барзгарон аст, ки шаҳри Левакант, дар чанд соли охир дар хати пеши мараи пахтасупори қарор дошта, дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ аввалин шуда аз иҷрои нақшаи пахта саривақту босифат мебарояд. Ва ӯ аз тамоми меҳнаткашони шаҳри Левакант сипосгузорӣ намуд.

Инчунин муовини вазири кишоварзӣ ва муовини раиси вилоят низ ба меҳнаткашони шаҳри Левакант, барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи кишоварзӣ ва ободонию созандагӣ изҳори сипос намуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ба хоҷагидорону механизаторҳо барои омодагии хуб ва фаъолияти пурсамар «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.