27-уми феврал, раиси Ташкилоти собиқадоррни ҷангу меҳнати шаҳри Левакант Султонов Ҳикматулло, собиқадорони фаъол Влизода Берди Раҷаб, полковник Исмоқулов Абдуҷалол, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Тоҷидинов Ориф ва дигар фаъолон, тибқи нақша-чорабинӣ бо хонандагони МТМУ рақами 1-и шаҳр вохӯрӣ намуданд.

 

Дар ин вохӯрӣ собиқадорон вобаста ба сатҳу сифати таълиму тарбия, эҳтироми падару модар, бедор кардани ҳисси миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз ҷиноят ва дигар омилҳои номатлуби ҷомеа ибрози назар карданд.

Гуфта шуд, ки соли 2024, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон шудан, дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калон мебозад. Аз ин рӯ бо истифода аз фурсате ки ҳаст ҳар як хонанда бояд аз омӯзгор истифода бурда дониши ҳуқуқии худро мукамал намояд.

Инчунин ба хонандагон тавсия дода шуд, ки ҳарчи бештар илму дониш омӯзанду шахсони тарбиятёфтаву бомаърифат ба воя расида обрӯи падару модар ва ҷомеа гарданд.