9-уми март, бо ташаббуси Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиа дар шаҳри Левакант бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ пойгаи мотосиклронӣ баргузор шуд.

Дар расми тантанавии кушодашавии мусобиқа раиси Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Миралӣ Раҳматзода дар суханронии хеш роҷеъ ба инкишофи ин намуди варзиш ёдрас гардида, ба варзишгарон ҷиҳати дастёбӣ ба нишондодҳои баланди маҳорат ва малака, инчунин соҳиб гардидан ба мақомҳои намоён пирӯзӣ таманно намуд.

 

Бояд гуфт, ки соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурии азизамон баробари дигар соҳаҳо ба рушду инкишофи намудҳои гуногуни соҳаи варзиш, аз ҷумла навъҳои ҳарбӣ – техникии варзиш низ имкониятҳои мусоид фароҳам овард.

Дар мусобиқаи пойгаи мотосиклронӣ дастаҳои шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Турсунзода, Левакант, Кӯлоб, ноҳияҳои Фархор ва Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуданд. Ҳамчунин варзишгарон аз Ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон низ дар ин пойгаи мотосиклронӣ ширкат варзиданд.

Аксарияти варзишгаронро дар ин чорабинӣ ҷавонон ташкил медоданд. Нахуст даври санҷишӣ сурат гирифт. Сипас сабқат барои фатҳи марра байни мотосиклҳои ҳаҷми муҳаррикашон, 125, 250, 350 ва 500 сантиметри мукааб сурат гирифт.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол теъдоди дастаҳои дар мусобиқаи пойгаи мототсиклронӣ ширкаткунанда афзоиш меёбад. Инчунин сафи мухлисону дӯстдорони ин намуди ҷолиби варзиши техникӣ миёни аҳли ҷомеа торафт зиёд шуда истодааст.

Ҷиҳати рушди намудҳои ҳарбӣ – техникии варзиш дар Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароиту имконияти пурра мавҷуд аст.

Соли ҷорӣ бо супориши роҳбарияти ташкилот нақшаи баргузории машқу тамринҳои мотосиклронӣ барои варзишгарони ин намуди варзиш тасдиқ гардида, миқдори зарурии сӯзишворӣ ҷудо гардида, шахсони масъул барои назорати доимӣ ва босифат ба роҳ мондани ин самти фаъолият вазифадор карда шуданд

Мотосиклронӣ ҳамчун навъи ҳарбӣ – техникии варзиш аз варзишгар малакаи баланди рондан, суръатнокӣ ва чолокӣ дар идоракунии онро тақозо дорад. Моҳияти асосии ин навъи варзиш бедор намудани шавқу завқи наврасону ҷавонон нисбати техника ва барои рондани воситаҳои техникии калонҷаҳм омода намудани онҳо ба шумор меравад.

Дар мусобиқаи пойгаи мотосиклронӣ мотосиклронҳои варзида ва ботаҷриба маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, бо чолокиву малакаи идора кардани воситаи нақлиёти варзишӣ тавонистанд миёни мухлисон маҳбубият пайдо намоянд.

Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои ниҳоии мусобиқа аз рӯи ҳисоби умумидаставӣ дастаи шаҳри Левакант мақоми аввал, дастаи шаҳри Турсунзода мақоми дуюм ва варзишгарони мотосиклрони Клуби ҷумҳуриявии варзишӣ – техникӣ аз шаҳри Душанбе мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Fолибон аз рӯи ҳисоби даставӣ ва шахсӣ бо ҷом, медал, диплом ва тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда шуданд.