Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки санаи 28-декабри соли 2023 ироа гашт, нуктаҳои хеле пурарзишеро фарогир аст.

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриамонро муайян намуда, барои ҳар шаҳрванд, хоҳ мансабдор бошад, хоҳ корманди одӣ як ҳуҷҷати роҳнамо ва дастурамал аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба як қатор масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъи кунунии қишрҳои ҷомеаи имрӯзаи кишвар диққати ҷиддӣ дода, чунин иброз доштаанд: “Ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.

Таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад.

Аз ин рӯ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бояд тамоми саъю кӯшиши худро ба ин самт равона созанд”. Зимнан, Роҳбари давлат хотирнишон намуданд, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат мебошад.

Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.

Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 - 2030 амалӣ шуда истодааст.

Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.

Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир - терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.

Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Президенти кишвар дар суханрониҳояшон дар Паёмҳои солҳои гузашта иброз дошта буданд, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.

Махсусан тариқи шабакаҳои гуногуни интернетӣ, ки мисли замбурӯғи баъди борони баҳорӣ пайваста пайдо мешаванд, мағзшӯии доираи муайяни одамон ва ба тарафи худ кашидани онҳо бо ғояҳои зиддимиллӣ ва тафаккури беақлонаю андешаҳои хусусияти террористидошта, ифротгароӣ, бадбинии инсонҳо, зуҳороти нажодпарастӣ, неофашизм ва ғайраҳо имрӯзҳо дар саросари олам ривоҷ ёфта истодааст.

Ҳолатҳои дарафтодан ба ҷашнҳои мардумии мо, Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат эҳё шуданд, ҳамчунин, бадгӯиҳо нисбат ба эпоси миллиямон “Шоҳнома” (ки таърихи чандҳазорсолаи миллати моро дарбар мегирад) ва дигар анъанаҳои миллӣ тариқи сомонаҳои интернетӣ аз ҷониби як гурӯҳ тиҳимағзони аз ҷониби қувваҳои хориҷии бадбини фарҳангу маданияти ориёӣ (дар бисёр ҳолат аз ҳисоби бахилӣ ва ҳасудӣ нисбати ин боигарии маънавии милллии мардуми тоҷик) илҳом мебахшанд, ба назар мерасад. Ин амали нангини онҳоро дар мубориза ба муқобили номҳои поки ориёии Рустам, Суҳроб, Бежан, Манижа, Фаридун, Таҳмина, Манучеҳр, Озодмеҳр, Исфандиёр ва дигарон метавон ба мушоҳида гирифт, ки бе шакку шубҳа сарчашма аз панарабизм дорад ва ба дини мубини ислом билкул муносибате надорад.

Бахусус имрӯзҳо тариқи шабакаҳои интернетӣ, шабакаҳои гуногуни телевизионӣ, аз ҷумла бо забони форсӣ аз тарафи ашхоси дур аз таъриху фарҳангу дастовардҳои нанотехнологияи башарият ба паҳн намудани ғояҳои бепояе, ки умуман ба дину диндорӣ коре надоранд, машғул ҳастанд. Ин гурӯҳҳо одатан саводи казоие надоранд ва бо ваъзҳои бепояи худ андешаи мардуми ноогоҳ ва то андозае бесаводро аз дӯстдории ватану миллат дур афкандан мехоҳанд. Мушоҳида низ нишон медиҳад, ки дар бисёр ҳолатҳо қишри маълумоти казоӣ надошта фирефтаи чунин “ваъз” ва чунин “воизон” мегарданд ва ҷузъе аз наврасону ҷавонон низ дар ин асос ба чунин суханҳои бепоя бовар мекунад ва онҳо бахши осебпазир низ ба шумор мераванд.

Аз ин рӯ, ин масъала ва тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи миллатдӯстӣ ва ватанпарастӣ вазифаи асосии ҳар як омӯзгор, падару модар ва дигар қишри зиёии ҷомеа ба шумор меравад.

Зоирзода Комилҷон, прокурори шаҳри Левакант, мушовири адлияи дараҷаи 1

Возможно, это изображение 1 человек и текст