Раиси Ташкилоти собиқадоррни ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳаматулло, мудирони бахшҳои дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, яке аз собиқадорон истиқоматкунандаи кӯчаи Розияи Озод Юлдошев Акрамро аёдат намуданд.

 

Султонов Ҳикматулло ҳамчун собиқадору таҷрибадида, зимни ин аёдат бо Юлдошев Акрам суҳбат намуда, ба ҷавонон таъкид намуд, ки бо чунин тарз ҳамеша аз ҳолу аҳволи собиқадорону ниёзмандон, ятимон ва шахсони имконияти маҳдудидошта хабар гирифта кумакашон намоянд. Инчунин аз тарафи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳр, як миқдор кумакпули ҳам карда шуд.

Бояд гуфт, ки Юлдошев Акрам дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ саҳми калон, собиқадори меҳнат буда, айни ҳол дар бистари беморист. Ӯ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи доимии Мақомоти иҷроия буда, мавриди дастгирӣ қарор дорад.