Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант, Муминзода Мастура Табарӣ аз рафти кишти баҳорӣ дар хоҷагиҳои қаламрави ҷамоати деҳоти "Гулистон" дидан намуд. Ӯ дар коргоҳи "Витаминҳои Тоҷикистон" бо коргарзанони ин коргоҳ суҳбат ороста, аз кору зиндагиашон пурсон шуд. Чун расми хуби тоҷикона дар арафаи баҳору Наврӯз ба ҳар кадомашон китоб тақдим намуд. Сипас аз кӯчатҳое, ки дар гармхона омода шудаанд дидан намуда ба кормандон барори кор хост.

 

Боиси зикр аст, ки коргоҳи "Витаминҳои Тоҷикистон" аз 10 га замин иборат буда, дар як миқдори он гармхонаҳои замонавӣ барои сабзавоти барвақтӣ ва дар қисми дигар картошка, карам, сабзӣ ва дигар полезиҳо парвариш меёбанд.