Тибқи нақша 29-уми март, дар толори маҷлисгоҳи беморхонаи марказии шаҳри Левакант, Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии собиқадорони меҳнати соҳаи тандурустӣ баргузор гардид.
Дар Маҷлиси ҳисоботӣ, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, аъзои фаъоли Ташкилоти собиқадорон-Вализода Бердӣ Раҷаб, раиси Ташкилоти ибтидоии собиқадорони соҳаи тандурустӣ-Саидов Қосим ва дигар аъзоёну собиқадорони соҳа иштирок доштанд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис, дар ҳисоботи раиси Ташкилоти ибтидоии собиқадорони соҳаи тандурустӣ-Саидов Қосим гуфта шуд, ки имрӯз дар беморхонаи марказии шаҳр ва Муассисаҳои КАТС-и шаҳр беш аз 30 собиқадор фаъолият мекунанд, ки собиқаи хуби корӣ дошта, ҳануз ҳам фаъолияти пурсамар доранд ва барои тарбияи кадрҳои ҷавони соҳа саҳми арзандаи худро мегузоранд. Онҳо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти беморхона қарор дошта аз дастгириҳо бархурдоранд.
Инчунин вазифаҳо барои соли 2024 муайян гардида, ҳайати нави Ташкилоти ибтидоии собиқадорони соҳаи тандурустӣ барои соли 2024 интихоб гардид.
Раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат-Султонов Ҳикматулло, аз хизматҳои собиқадорони соҳа дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то инҷониб ёдовар шуда, изҳор дошт, ки табибони шаҳри Левакант дар лаҳзаҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шабонарӯзӣ хизмат намуда, саломатии маҷруҳони онвақтаро барқарор намуданд. Аз ин лиҳоз эшон арзандаи ҳама гуна дастгирӣ ва ҳавасмандиҳо мебошанд.
Ҳамчунин ӯ аз маъмурияти беморхонаи марказӣ барои ҷудо намудани утоқи алоҳидаи муолиҷаи собиқадорон бо тамоми шароиту хизматрасонӣ изҳори сипос намуда зикр кард, ки ин як навъи дастгирӣ ва қадршиносии собиқадорон мебошад.