28-уми март, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 9-уми марти соли ҷорӣ дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа, намояндагони касбу кори гуногуни мамлакат ва ходимони дин, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Икромӣ Фазлидин ва Вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи №26-и Бохтар-Маҷидзода Сарвиноз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо фаъолони шаҳр вохӯрӣ намуданд.

 

Дар ин вохӯрӣ муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр-Абдуҷаббор Эмомов, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

Икромӣ Фазлиддин Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳтавои суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо фаъолони ҷомеа, намояндагони касбу кори гуногуни мамлакат ва ходимони дин, ибрози назар намуд. Ӯ зимни баромади худ қайд кард, ки мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагону фаъолони ҷомеа ва ходимони дин бори дигар собит намуд, ки Сарвари давлат на танҳо ҳамчун ҳомии Конститутсия дар доираи низоми қонунгузории давлатдории дунявӣ ҳамзистиии осоиштаи пайравони дину мазҳаби гуногунро таъмин намудааст, балки фарохтар аз он эҳтирмои хосаи худро ба ҳифз ва рушди фарҳанги динӣ изҳор намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи №26-и Бохтар-Маҷидзода Сарвиноз дар масъалаҳои пешгири аз ҷиноят, хурофот, экстремизму терроризм, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, бегонапарастӣ, дигар амалҳои номатлуб, риояи талаботҳои Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки маҳз дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъолони ҷомеа ва ходимони дин гуфта шуд, ибрози назар намуд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки таъкидҳои Пешвои миллат барои ҳифзи Истиқлолият, рушди давлати дунявӣ, таҳкими институтҳои ҷомеа, таъмини ҳамзистии пайравони дину мазҳабҳо дар кишвар, аз байн бурдани ҷаҳлу хурофот, бегонапарастӣ, ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ муҳимтарин самтҳое ҳастанд, ки амалӣ намудани онҳо натанҳо вазифаи ниҳодҳои давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.