Дар муассисаи давлатии таълимии томактабии №1-и шаҳри Левакант, бо иштироки падару модарон рӯзҳои волантиёрӣ таҳти унвони "Мо дар тарбия ҳамроҳем" ташкил шуда идома дорад.
Дар доираи ин ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Хатлон, раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ба муассисаи мазкур ташриф оварда, аз вазъи таълиму тарбия ва шароити кӯдакони кӯдакистон бори дигар ошно гардид. Инчунин ӯ аз ҳисоби худ ба муассиса як мошинаи либосшӯйӣ тақдим намуда, ин ташаббуси Раёсати маорифи вилоятро саривақтию манфиатбахш ҳисобида, барои идома бахшидани он ва хубтар ба роҳ мондани кори таълиму тарбия дар муассиса ба масъулин супоришҳои мушахас дод.
Боиси зикр аст, ки волидайн ва бобову бибии тарбиятгирандагони муассисаи мазкур, бо навбат дар рӯзҳои волантиёрӣ иштирок намуда, тибқи нақшаи муассиса дар машғулиятҳои мураббияҳо ҳамроҳ мегарданд. Ин иқдоми Раёсати маорифи вилоятро маъмурияти муассиса хеле хуб ҷорӣ намуда, дар ҳар машғулият волидайни тарбиятгирандагонро ҷалб месозанд.
Бояд гуфт, ки рӯзҳои волантиёрӣ дар ҳамаи муассисаҳои томактабии шаҳри Левакант, гузаронида мешаваду падару модар ва дигар аъзои хонаводаҳои тарбиятгирандагон ҷалб мегарданд.