Имрӯз 8-уми апрел, бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳр, вохӯрии адибону собиқадорон бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.

 

Дар ин вохӯрӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш-Шодихон Сафарзода, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат-Султонов Ҳикматулло, адибони шаҳр-Махфират Зуҳурова собиқадори соҳаи маориф, Вализода Бердӣ Раҷаб-собиқадори маориф, дорандаи Медали Шоистаи Тоҷикистон, ҷавонону гирандагони стипендияи Президентӣ, омӯзгорону навқаламон иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки ин вохӯрӣ баҳри барқарор намудани алоқаи зичи адибону собиқадорон бо ҷавонон ва бедор кардани ҳисси маънавии онҳо ба илму адабу фарҳанг буда, дар тарбияи маънавии ҷавонон нақши бузург мебозад.

Сипас адибони шаҳр-Вализода Бердӣ Раҷаб ва Махфират Зуҳурова аз абёту ашори пурғановати худ дар васфи Ватан, Модар, Тоҷикистон ва муқаддасоти миллӣ шеърҳо қироат намуданд. Инчунин ҷавононро таъкид намуданд, ки ба ҷойи кирдорҳои норавою нолозим бештар ба омӯхтани илму дониш машғул гашта, Тоҷикистони азизамонро ба мисли бузургони гузаштаи миллати сарбаландамон дар сатҳи ҷаҳон бо илму дониш ва хираду тафаккури баланд муарифи намоянд.

Ҳамзамон аз ҷониби ҷавонону навқаламон порчаҳои шеъри қироат гардида, нигоштаҳои шогирдонаи худро аз назари адибони шаҳр гузарониданд.

Аз тарафи иштирокчиён таклиф шуд, ки чунин вохӯрӣ ва маҳфили шеъру сухан аз ҷониби адибон ва ҷавонон бештар гузаронида шавад, то ҷавонони мо дар руҳияи илму адаб ва хираду маърифат ба камол расанд.