Дар ҳошияи Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант-Султонов Ҳикматулло, аъзоёни фаъоли Ташкилот, подполковник Мастов Абдулҳаким ва подполковник Саидов Файзулло ва дигар фаъолон бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 вохӯрӣ намуданд.

 

Гурӯҳи корӣ дар ин вохӯрӣ аз қаҳрамониҳои фарзонафарзандони миллати тоҷик дар ҶБВ ёдовар шуда баромад намуданд.

Инчунин дар хусуси Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши давлатдорию давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар шуд.

Ҳамзамон собиқадорон ба ҷавонон дар самти таълиму тарбия, шомил нашудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, даст назадан ба одатҳои баду омилҳои номатлуб, ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан таъкидҳои махсус карданд.