Имрӯз 23-юми апрел, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Халилзода Нуқра, намояндагони МИҲД-и вилоят, кормандони Раёсати кор бо занон ва оила-Гулчеҳра Наимова, Маҳмадализода Меҳринисо тибқи нақша-чорабинии МИҲД-и вилояти Хатлон ва шаҳри Левакант, дар Беморхонаи марказӣ, Муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Бозори марказии шаҳр баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ, пешгирии бегонапарастию хурофот ва риояи пушиши либоси миллӣ бо масъулину сокинон корҳои омафаҳмонӣ бурданд.

 

Гурӯҳи корӣ бори дигар масъулини сохторҳои марбута ва сокинонро ба муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошно сохта, таъкид намуданд, ки ба хурофоту тероризму экстремизм роҳ надиҳанд, баҳри пешгирии чунин омилҳои номатлуб ва дигар ҷиноятҳо саҳмгузор буда, дар тарбияи ҷавонону наврасон ҳиссаи худро гузоранд.

Инчунин ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ таъкидҳо гашта, вобаста ба муомилаю муоширати табиб бо бемор, риояи талаботҳои шаҳрдорию шаҳрнишинӣ, тозагию ободонӣ, омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ фаҳмондадиҳӣ сурат гирифт.