Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асоси нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Левакант, ҷиҳати пешгири аз омилҳои номатлуб ва оқилона истифодабарии замин намояндагони МИҲД-и вилоят, кормандони Раёсати кор бо занон ва оила-Гулчеҳра Наимова, Маҳмадализода Меҳринисо, раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-Фарух Султонов, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Халилзода Нуқра, мудири бахши ҳифзи иҷтимоӣ Фатҳиддин Саидов бо сокинони деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» тариқи усули «ХОНА БА ХОНА» корҳои фаҳмондадиҳӣ намуданд.
Гурӯҳи корӣ бори дигар ба ҳар як сокини деҳа муҳтавои суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз вохӯрӣ бо намояндагони касбу кори гуногун, фаъолон ва ходимони дини кишвар аз 9-уми марти соли ҷорӣ расонида, баҳри пешгири аз ҷиноят, хурофот, зиёдаравӣ, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, омилҳои номатлуб, терроризму экстремизм, пешгири аз бемориҳои сироятӣ, таълиму тарбияи дурусти фарзанд, самаранокистифодабарии замин, рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва дигар мавзуоти доғи рӯз фаҳмондадиҳӣ карданд.