Масъулин ва кормандони КДФ «Хоҷагию манзилии комуналӣ»-и шаҳри Левакант, имрӯз 23-юми апрел, дар кӯчаи марказии шаҳр- Борбад беш аз 17-ҳазор гулҳои мавсимӣ шинониданд, ки ин намои зоҳирии кӯчаи марказиро боз ҳам зеботар мегардонад.
Ба гуфти директори корхонаи мазкур Бузмаков Муҳаммаддовуд дар мавсими гулшинонӣ то ба ҳол танҳо гулпарварони корхона беш аз 64-ҳазор гулҳои доимию мавсимии ороиши шинонидаанд, ки аз он 10200 бех гули лола, 31580 бех гулҳои гуногуни мавсимӣ ва 23000 бех гули садбаргро ташкил медиҳад.
Кормандони корхона бошанд пайваста бехи гулу буттаҳоро нарм намуда об медиҳанду кушиш менамоянд, ки ҳар гулу буттаи шинонидаашон хуб нашъунамо ёбад.
Тавре ки мудири бахши ҳифзи муҳити зисти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр-Шоҳрух Самадзода иттило дод, дар мавсими кабудизоркунии соли ҷорӣ маҷмуан дар ҳудуди шаҳри Левакант беш аз 250-ҳазор гулу буттаҳои ороишӣ ва 34-ҳазору 2 ниҳоли ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудааст, ки иҷроиш аз нақшаи пешбинигаштаи кабудизоркунӣ бештар мебошад.
Ҳар як гулу ниҳоли шинонидашуда нигоҳубин гашта нашъунамои хуб доранд.