18-уми апрел, тибқи нақшаи покуратураи шаҳри Левакант, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳр, бо роҳбарону намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарон ва фаъолон, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ходимони дин вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ прокурори шаҳр, мушовири адлия дараҷаи 1-Зоирзода Комилҷон, сардори ШВКД дар шаҳри Левакант-Абдулмаҷидзода Рустам Абдулмаҷид, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр-Абдуҷаббор Эмомов, дигар роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.
Вохӯрӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи нутқи пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ зимни мулоқот бо фаъолон ва ходимон дини кишвар аз 9-уми марти соли ҷорӣ роҳандозӣ гардид.
Прокурори шаҳр-Зоирзода Комилҷон дар ҳошияи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» зимни вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Левакант, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, масъулини соҳаи маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва омӯзгорон вобаста ба мавзуи «Тарғибу ташвиқи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9-уми марти соли 2024», фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», пурра фаро гирифтани таълимгирандагон ба таҳсил, пешгирии таълимоти ғайриқонунии диннӣ, хурофотпарастӣ, пешгирии раванди шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, тундгаро ва иртиҷоӣ, арҷгузори ба арзишҳои миллӣ, гиромидошти Истиқлолияти давлатӣ ва тарзи зиндагии шоиста ибрози назар намуд. Ӯ ҳамчун ҳамоҳангсози мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, баҳри пешгирии тамоми қонуншиканиҳо, ҳуқуқвайронкунию омилҳои номатлуб ба сохторҳои марбута супоришҳои мушахас дода таъкид намуд, ки ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бедор кардини ҳисси миллии онҳо ва пешгири аз омилҳои номатлуб ҳар як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифадор аст.
Инчунин сардори ШВКД дар шаҳри Левакант-Абдулмаҷидзода Рустам дар доираи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баромад намуда, аз ҳар як иштирокчи даъват ба амал овард, ки дар пешгирии ҷиноят бетарафи зоҳир накарда бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамоҳанги намоянду, саҳми худро баҳри сохтани ҷомеаи солим гузоранд.
Сипас доир ба якчанд масъалаҳо байни иштирокдорони вохӯрӣ саволу ҷавоб сурат гирифт.
Боиси зикр аст, ки баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мулоқот ва суҳбату вохӯриҳо аз тарафи сохторҳои марбутаи шаҳрӣ пайваста гузаронида мешавад.