Имрӯз 16-уми апрел, ҷиҳати иҷрои банди 185, Барномаи амалии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо мудирони шуъбаю бахшҳо ва кормандони ташкилоту корхонаҳо вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант-Абдуҷаббор Эмомов, сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Бобохонзода Саидалӣ, сармутахассиси Шуъбаи мазкур-Салоҳидинзода Муҳаммад иштирок намуда, дар масъалаҳои «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024, Санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи маъюбон, Пешгирии зӯроварӣ дар оила, Муҳоҷирати бехатар ва Стротегияи ҳуқуқи инсон то соли 2038 баромад намуда, фаҳмондадиҳӣ карданд.
Зикр шуд, ки шурӯъ аз соли 1948 - аз марҳилаи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ба манфиат ва ҷиҳати беҳбудии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон корҳои назаррас амалӣ карда шуданд, ки имрӯзҳо низ идома доранд. Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳамчун унсури муҳими шаклгирии фарҳанги ҳуқуқи инсон дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Эъломия СММ дар бораи таълим ва омодагӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсияи зидди шиканҷа, Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва дигар санадҳо дарҷ гардидааст.
Дар ин робита баъди ба имзо расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми марти соли 2018 дар асоси Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон мутобиқи моддаи 16-и Қонуни Конистутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Миллали Мутаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсиалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020 таҳия гардидааст. Нақшаи миллии амалҳои дорои хусусиятҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда, амалишавии он бо дарназардошти Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ ва стротегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дарҷ гардидааст.
Ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фарҳанги баланди ҳуқуқиро талаб менамояд, ки бе он чунин арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, ба монанди волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд пурра амалӣ шаванд.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлол гардидан принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро эътирофу эҳтиром намуда, онҳоро ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқии худ эътироф намудааст. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ дар конститутсия арзишҳои олӣ эътироф шуда, эътибор, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ин ҳуқуқу озодиҳо аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст.