Санаи 22 майи соли 2024 тибқи дастуру супоришҳои директори муассиса Эмомов Ҳасан Саидович ва нақшаи чорабиниҳои муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ дар толори фарҳангии муассиса бахшида ба “Рӯзи ҷавонон” чорабинии идона таҳти унвони “Мо ворисони Пешвои миллатем” бо як ҳисси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона директори муассиса Эмомов Ҳасан Саидович, муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Баротов А.Ҳ., муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Холов Т.Ш., муовини директор оди ба корҳои маъмури ва хоҷагидорӣ Ҷурақулов Р.Ш., сардори шуъбаи таҳлим Азизулоев Х.А., деканҳои факултетҳо ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар қисмати аввали чорабини директори муассиса Эмомов Ҳ.С. суханронӣ намуда, ҳозиринро ба “Рӯзи ҷавонон” самимона табрик намуда, қайд намуданд: “Имрӯз мо дар арафаи таҷлили “Рӯзи ҷавонон” қарор дорем, ки ҳамасола онро мо дар як фазои сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан санаи 23 май ҷашн мегирем. Ин рӯз барои ҷавонони кишвари мо як рӯйдоди муҳим ба шумор меравад, зеро ҷавонон ояндаи миллати мо мебошанд. Таҷлили “Рӯзи ҷавонон” нишондиҳандаи арҷгузории Ҳукумати кишвар ба ин қувваи бузурги созанда мебошад, ки нерӯи пешбарандаи ҷомеаи мо буда, дар рушди кишварамон саҳми арзанда мегузоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ гуфтаанд, ки: “Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд”. Бе шак мо аз ҷавонони ватандӯсту содиқи худ ифтихор мекунем. Ҷавонони кишварамон дар лоиҳаҳои хурду бузурги гуногун, ки ба беҳбудии зиндагии мардум нигаронида шудаанд, фаъолона ширкат меварзанд. Онҳо пешвоёни ҳақиқӣ ва намунаи ибрат мебошанд.”.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ, донишҷӯён бо шеъру сурудҳои дилнишин хотири ҳамагонро болида гардониданд.
Дар қисми хотимавӣ, ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон ба Роҳбарияти коллеҷ тақдим карда шуд. Инчунин омӯзгорон ва ҷавонони фаъоли коллеҷ, ки дар Олимпиадаи Ҷумҳуриявии донишҷӯёни Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурӣ Олимпиадаи фанҳои тахассусӣ ҷойҳои ифтихорӣ насибашон гашта буд, аз тарафи Маъмурияти коллеҷ бо ифтихорномаҳо ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ҷавонони ватандусти муассиса аз уҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона мебароянд, арзишҳои миллиро ҳифз мекунанд, амнияту оромии Ватани азизамонро шабу рӯз ҳимоя менамоянд ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистони биҳиштосоямон минбаъд низ саъю талош мекунанд.