Имрӯз 11-уми июн, дар ҳошияи рӯзи Ваҳдати миллӣ тибқи нақша-чорабинӣ гурӯҳи корӣ иборат аз раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Холмуродова Алфия, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан»-Бароталиев Сафар, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш-Шодихон Сафарзода ва дигар масъулин бо кормандони Муассиаи давлатии мактаби варзишӣ вохӯрӣ гузарониданд.

 

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки Ваҳдати миллӣ беҳтарин дастовардест, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат насиби мардуми сарбаланди тоҷик гардид ва он бояд мояи ифтиҳор ҳар як тоҷику тоҷикистони бошад. Аз ин хотир мо бояд ба қадри ин неъмати бузург бирасему онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Вобаста ба пешгирии ҷавонону наврасон аз омилҳои номатлуб, терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ, пешгири аз пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, риояи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар шуд.

Инчунин гурӯҳи корӣ аз дастоварди ҷавонону варзишгарони шаҳр ёдовари шуда, таъкид доштанд, ки ба хотири боз ҳам мустаҳакам гардидани дӯстии байни ҷавонон масъулини соҳа бояд бо зиракию ҳушёрии худ аз ҳарвақта бештар масъулият ҳис намоянд, мусобиқаҳои варзиширо бештар намуда ба ин васила риштаи дӯстии ҷавононро қаъви гардонанд.