Ду хонандаи Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант, Юсупов Ёрмуҳаммад ва Астонаев Оқилҷон дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз наминатсияи технологияи иттилоотӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии типи нав иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Вобаста ба ин муваффақияти хонандагон аз Литсейи мазкур хабар доданд.

 

Соли чорум аст, ки дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо доир мешавад.