Дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ҷиҳати ободонию тозагӣ, тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ имрӯз 19-уми сентябр, дар кӯчаи Рӯдакӣ ва дигар минтақаҳои шаҳр шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар ин шанбегӣ роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо иштирок намуда, саҳми худро дар тошзагии шаҳр гузоштанду ба истиқболи ҷашн ва санаҳои таърихӣ омодагӣ гирифтанд.

 

Ташкил ва назорати корҳои тозагию ободониро масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр бар уҳда дошта, аз ҳар як сокини шаҳр тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ даъват ба амал оварданд, ки тазагию ободониро аз назди хонаву дари худ сар карда, баҳри гулгулшукуфоӣ диёр ҳиссагузор бошанд.