-Брутселёз бемории сироятиест, ки аз ҳайвони бемор ба одам мегузарад, ки ба бисёре аз узвҳо ва системаҳои бадан осеб мерасонад. Дар 2% ҳолатҳо брутселёз марговар аст ва фоизи бештари одамони сироятшуда маъюб боқӣ мемонанд. Ин бемории сироятиро «брутсела» ном бактерия ба вуҷуд меорад ва он аксар вақт боиси фалаҷ гардидан мешавад. Бемории брутселёз аз одам ба одам намегузарад, аз ин рӯ шахси сироятшударо аз худ дур сохтан лозим нест.
Дар ин хусус барои хубтару фаротар маълумот гирифтани хонандагон, мо бо табиби сироятшинос - Шариф Бобоев сӯҳбат оростем ва муҳтавои онро манзуратон менамоем.
Барангезандаи ин беморӣ чи шуда метавонад?
-Барангезандаи бемории брутселёз «брутсела» ном бактерияҳое мебошанд, ки ҳарорати паст ва яхкуниро ба хубӣ мегузаронанд. Брутселаҳо дар об то 5 моҳ, дар хок то 3 моҳ, дар шир, маҳсулоти ширӣ ва гӯшт аз 10 то 45 рӯз зинда боқӣ мемонанд. Манбаи асосии брутсела, ки барои инсон хатарнок аст бузу гӯсфанд, гов, хук ва сагҳо мебошанд.
Брутселаҳо (бактерияҳое, ки бавуҷудоварандаи ин беморист) чи гуна ба муҳити атроф паҳн мешаванд?
-Брутселаҳо бо шир, гӯшт ва пешоби ҳайвоноти бемор ба муҳити атроф паҳн мешаванд. Интиқолдиҳандагон пашша ва канаҳои тирамоҳӣ мебошанд. Сирояти брутселёз ба одам тавассути тамоси мустақим бо интиқолдиҳандагони ҳайвонот, ҳангоми газидани ҳашарот ва истеъмоли маҳсулоти ширии хоми олудашуда, гушти нимпаз, ҳангоми дӯшидан, пуст кардани чорво, куштани чорво рӯх медиҳад.
Нишонаҳои ин намуди беморӣ кадомҳоянд?
-Нишонаҳои бемории брутселёз беҳаракатӣ, бемадорӣ, сардардӣ, варамҳои зону, буҷулаки пой, панҷаи дастон, оринҷ, якбора баландшавии ҳарорати то 39-40 дараҷа, табларза, сустӣ, арақкунии аз ҳад зиёд, дарди шадид дар мушакҳо ва пайвандҳо, осеби системаи асаб, устухон ва рагҳои хунгард мебошанд. Ҳангоми дар худ мушоҳида ва ё эҳсос намудани чунин нишонаҳо ҳатман ба духтури оилавӣ ва ё сироятшинос бояд муроҷиат кард.
Киҳо бештар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд?
-Ба ин беморӣ говдӯшҳо, чӯпонҳо, бойторҳо, қассобҳо, умуман шахсоне, ки бо ҳайвоноти хонагӣ бисёртар сару кор доранд хатари гирифторшавияшон ба бемории брутселёз бештар аст, зеро ин беморӣ аз пашм, пусти порашуда, пешоби ҳайвонот берун мешавад ва одамро сироят мекунад.
Барои пешгирӣ аз брутселёз чи бояд кард ва ҳангоме ки шахс мубталои ин беморӣ мегардад чи гуна роҳи табобат дорад?
- Барои пешгирии бемории брутселёз саривақт ошкор намудани ҳайвони бемор ва ҷудо нигоҳ доштани он муҳим аст. Дар баробари ин ба ҳайвонот ваксина мегузаронанд, онҳоро дар майдончаҳои махсус бо риояи тадбирҳои безараргардонӣ мекӯшанд. Биноро, ки ҳайвони бемор нигоҳ дошта мешавад безарар кардан даркор аст. Шахсони бо ҳайвоноти касал сарукор дошта, коргарони корхонаҳои саноатӣ (комбинатҳои гӯшт, коркарди пашм, корхонаҳои чармгарӣ, панирпазӣ ва ғ. ) бояд либоси махсуси корӣ иборат аз дастпушакҳои резинӣ, пояфзоли резинӣ, корҷома истифода баранд ва ҷои кории худро тоза нигоҳ доранд. Занҳои говдӯш пеш аз говро дӯшидан пистони онро тоза шуста, баъдан ба дӯшидан оғоз кунад. Дар шароити хона бошад пеш аз истифода ва истеъмоли маҳсулоти ширӣ, гуштӣ бояд онро ҳатман ҷӯшонида, баъдан истеъмол кардан лозим аст.
Беморӣ мӯҳлати муайян надорад, аммо табобатшаванда аст. Барои табобати ин беморӣ мо ба беморон доруҳои зиддибактериявии брутселёзро тавсия медиҳем. Агар табобат бесамар бошад, брутселёз метавонад музмин гардад.
Бибигул Ҷураева
МТТҲС-и ш. Левакант